Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатари басташавии калисо ва каниса дар Душанбе


Кумитаи дини Тоҷикистон фаъолияти 9 созмони динии ғайриисломиро, ки дар соли ҷорӣ дубора сабти ном нашудаанд, ғайриқонунӣ медонанд. Ба таъкиди масъулон, яке аз муқаррароти қонун барои созмонҳои динӣ ин аст, ки онҳо бояд аз қайди давлатӣ дар ниҳодҳои ваколатдор гузаранд, дар акси ҳол ҳаққи фаъолиятро нахоҳанд дошт.

Дар миёни созмонҳои динии ғайриисломӣ, ки сабти ном нашудаанд, Калисои Масеҳӣ ва Канисаи Яҳудӣ низ ҳастанд. Коҳиши пайравони Калисои масеҳӣ ва Канисаи Яҳудӣ яке аз далелҳои худдории онҳо аз сабти номи дубора унвон мешавад.

Ба иттилои масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон, шумораи созмонҳои динии ғайриисломӣ дар қаламрави ин кишвар 73 ададро ташкил медиҳад. Яке аз онҳо ҷамоаи нави масеҳӣ аст, ки тоза ба фаъолият шурӯъ кардааст. Аммо тибқи гузориши ин кумита, дар аввали сол дар Тоҷикистон 83 созмони динии ғайриисломӣ, ки умдатан масеҳӣ ҳастанд, фаъолият доштанд.

Коҳиши созмонҳои динии ғайриисломӣ

Масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон сабаби коҳиши теъдоди созмонҳои динии ғайриисломиро дар дубора сабти ном нашудани 9 ташкилоти масеҳӣ унвон мекунанд.

Мухтор Мавлонов, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, мутаассифона ин созмонҳо барои аз дубора аз сабти ном гузаштан муроҷиат накарданд ва иллати онро чунин шарҳ дод, «барои он муроҷиат накарданд, ки теъдоди муассисони онҳо кам будааст. Бар асоси қонун, ҳайати муассисон барои ташкили созмони динӣ даҳ нафар бояд бошад».

Ба ин тартиб, масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯянд, дар сурати фаъолиятеро пеш бурдани ин созмонҳо, амали онҳо муғойир ба қавонини кишвар хоҳад буд. Аммо ба гуфтаи масъулон, ин созмонҳо фурсат ва ҳақ доранд, ки бо пешниҳоди санадҳои зарурӣ барои сабти ном, ба Кумитаи дин ва ниҳодҳои ваколатдори он муроҷиат намоянд.

Дар миёни созмонҳои динии ғайри исломӣ, ки аз сабти давлатӣ нагузаштаанд, исми Калисои Масеҳӣ ва Канисаи Яҳудиро дучор омадан мумкин аст. Бештари масъулони ин созмонҳо далели аз сари нав сабти ном нашуданро дар коҳиши ҳайати муассисон унвон кардаанд. Канисаи яҳудиён низ ин сабабро пеш меорад.

Канисаи яҳудиён сабти ном нашуд

Михайил Абдураҳмонов, хохоми канисаи яҳудиён
Аммо Михаил Абдураҳмонов, хохоми канисаи яҳудиён далели дигарро дар такмил нашудани санадҳои бинои нави ин созмон дар шаҳри Душанбе медонад. Вай гуфт, «биное, ки ба мо додаанд то ҳол ҳуҷҷатҳояш дуруст нашудааст ва ба номи мо нагузаштааст. Бе ин, сабти ном шудан мумкин нест».

Масъулони ин канисаи яҳудиён аз тавзеҳи бештари ин мавзӯъ худдорӣ мекунанд. Аммо ин мавзӯъ ба сабти манзиле марбут аст, ки онро Ҳасан Асадуллозода, раиси "Ориёнбонк" ва додарарӯси раиси ҷумҳур дар соли 2009 ба унвони каниса ба яҳудиёни Тоҷикистон тӯҳфа кардааст. Ин манзил ба дунболи тахриби канисаи яҳудиён дар соли 2008 тавассути шаҳрдории Душанбе ба яҳудиёни Тоҷикистон дода шуд. Зеро канисаи қадимаи яҳудиён дар маркази шаҳри Душанбе воқеъ буд ва ба бовари пайравони ин дин дар охири қарни 19 сохта шуда ва беш аз сад сол умр дошт. Аммо ҳоло дар ин маҳал Кохи Миллат бунёд шудааст.

Шаҳрдории Душанбе дар ивази тахриби канисаи яҳудиён ба онҳо пешниҳод кард, ки дар каноре аз пойтахт барояшон ҷой хоҳад дод. Вале ба иллати дур будан аз маркази шаҳри Душанбе, ин пешниҳодро напазируфтанд. Дар ниҳоят Ҳасан Асадуллозода дар соли 2009 манзилеро дар маркази шаҳри Душанбе ба яҳудиён тақдим кард ва нахустин шаббот ё намози вижаи яҳудиён дар канисаи нав гузошта шуд.

Ҳоло ба гуфтаи Михаил Абдураҳмонов, танҳо дар шаҳри Душанбе 250 пайрави яҳудия кору зиндагӣ доранд. Ин дар ҳолест, ки то даҳаи 1990, яъне то оғози ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 12 ҳазор пайравони яҳудия дар Душанбе ба сар мебурданд, Бо тарки пойтахти Тоҷикистон, аксарияти онҳо ҳоло дар Амрикову Исроил ва кишварҳои дигар умр ба сар мебаранд.

Канисаи яҳудиён дар талоши фаъолияти дубора

Ҳамакнун масъулони канисаи яҳудиён мегӯянд умедворанд, ки ҳар чӣ зудтар санади бинои нави онҳо дуруст шавад ва онҳо битавонанд дубора созмони худро аз сабти ном гузаронанд. Бо ин ҳам, ахиран пайравони яҳудия дар шаҳри Душанбе бо фурӯзон кардани шамъ, ҷашни Ҳанокаро таҷлил карданд. Ба гуфтаи онҳо, ин ҷашн дар қарни дуввуми пеш аз милод асос ёфтааст ва яҳудиён таҳти ҳар шароите то кунун ин идро таҷлил мекунанд.

Аммо бо таваҷҷӯҳ ба он, ки 97 дар сади мардуми Тоҷикистон мусалмон ҳастанд, ба ғайр аз созмонҳои динии ғайри исломӣ дар ин кишвар, ташкилотҳои исломӣ, назири масҷидҳо низ аз қайди давлатӣ мегузаранд ва бар асоси «Қонун дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» фаъолият мекунанд. Ин аст, ки бар асоси иттилои масъулони кумитаи дини Тоҷикистон, ҳоло дар қаламрави кишвар 27 масҷиди ҷомеъ ва 3347 масҷиди панҷвақта фаъол аст.

Соҳибназарон мегӯянд давлати Тоҷикистон дар чанд соли ахир фаъолияти созмонҳои динӣ, чӣ исломӣ ва чӣ ғайриисломиро таҳти назорат гирифта ва таъсиси ниҳоди нави давлатӣ- Кумитаи дин низ ба ин хотир будааст.
XS
SM
MD
LG