Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аёдати ду хбарнигори олмонӣ дар зиндони Табрез


Вазорати хориҷаи Олмон гуфт, Эрон аёдати ду хабарнигори олмонии дар Эрон боздоштшударо ба пайвандони онҳо иҷозат дода ва ин пайвандон алакай аз ин ду хабарнигор дар Табрез хабар гирифтаанд. Гузоришгар ва аксбардори рӯзномаи "Bild am Sonntag" ба хотири пайгирии қазияи Сакинаи Аштиёнӣ, зане, ки бо ҷурми хиёнат ба шавҳар ба қатл аз роҳи сангсор маҳкум шудааст, сафари Эрон карда, моҳи октябр замоне дастгир шуданд, ки ба хотири мулоқот бо вакил ва писари Сакинаи Аштиёнӣ ба Табрез омаданд. Эрон мегӯяд, ин ду олмонӣ бо раводиди сайёҳӣ вориди ин кишвар шуда, иҷозати расмӣ барои кори хабарнигориро надоштанд.
XS
SM
MD
LG