Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Муҳоҷир нашавед, русҳо назди мо меоянд»


Худойназар Тағоев, моҳипарвар
Худойназар Тағоев, моҳипарвар
Ӯ мегӯяд, аз муҳоҷирати фарзандонаш ҷилавгирӣ кард ва дар 5 ҳектор замини назди соҳили рӯдхонаи кӯчаки Кӯлоб, ки истифода намешуданд, ҳавзҳои моҳипарварӣ бунёд намуд. Ва ӯ ягона нафарест, ки пас аз фурӯпошии шӯравӣ барои авалин бор дар шаҳри Кӯлоб ҳавзи моҳипарварӣ бунёд намудааст.

Вай афзуд: «Ҳозир, шукри Худо, бо бачаҳо аз ҳисоби парвариши моҳӣ зиндагии хуб дорем. Онҳоро гуфта будам, ки ташвиш накашед, агар инсон дар ҳар ҷое, ки меҳнат кунад, иншоолоҳ ризқашро меёбад. Ҳамон русҳо ҳам лозим шуд, меоянд. Ҳамин тавр ҳам шуд, ҳоло русҳои меҳмон ва низомиёни рус, ки дар Кӯлоб ҳастанд, дар вақтҳои лозима барои моҳидорӣ ба ҳавзҳои мо меоянд. Меоянд, моҳӣ мегиранд, ҳамроҳӣ оилаашон пухта мехӯранд ва миннатдор шуда мераванд».

Ҳуҷуми мурғобиҳо ва баракати кор



Исмоил Тағоев, фарзанди Худойназар ва ҳамзамон раиси хоҷагии деҳқонии моҳипарварӣ дар ҷамоати Зарбдори ноҳияи Кӯлоб мегӯяд, ба ҳарфи падар гӯш дод ва ҳоло манфиат мебинад.

Ӯ мегӯяд: «Ҳарчанд, ҳоло шабона ва субҳ барвақт селаи мурғобиҳо ҳуҷум намуда, моҳии зиёдро бихӯранд ҳам, аммо бо ин вуҷуд кор баракат дорад. Мо ҳар рӯз ба бозор моҳӣ мебарорем. Дигар мурғобиҳо ҳам ризқи худро мехӯранд».

Моҳипарвариро бояд рушд дод

Дар ҳамин ҳол, Амирхон Ҳомидов, раиси ҷамоати Зарбдори Кӯлоб мегӯяд, мувафақияти ин моҳипарварро ба назар гирифта, тасмим доранд, то дар ҳудуди ҷамоат, ки аз миёнаш Кӯлобдарё убур мекунад, чунин ҳавзҳои моҳипарвариро афзоиш диҳанд.

Дар замони Шӯравӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияи Кӯлоб чаҳор ҳавзӣ моҳипарварӣ фаъолият мекард, ки бо фурупошии шӯравӣ ҳамаи онҳо аз кор бозмонда буданд. Феълан ин ҳавзи моҳипарварӣ бозори маҳаллиро бо моҳӣ таъмин мекунад ва қимати моҳӣ, ки соли гузашта 1 килограмаш то 20 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло 12 то 15 сомонӣ коҳиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG