Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ходорковский дар ғорати пул айбдор шуд


Додгоҳи Маскав имрӯз раҳбари пешини ширкати “Юкос” Михаил Ходорковский ва шарики кории ӯ Платон Лебедевро дар ғорати пулҳои давлатӣ айбдор донист. Ин мурофиаи зидди соҳибкори маъруф аст, ки аз нигоҳи мунаққидон дар асл як додгоҳи сиёсӣ мебошад. Ходорковский ва Лебедев аз соли 2003 инҷониб барои напардохтани молиёт ва тақаллуб дар зиндон ба сар мебарад, имрӯз барои ғорати 218 миллион тонна нафт гунаҳгор дониста шуд. Эҳтимол меравад, ки ин ду нафар, тибқи тақозои ҷониби айбдоркунанда, ба 14 соли зиндон маҳкум шуда, дар маҷмӯъ то соли 2017 дар зиндон бимонанд.
XS
SM
MD
LG