Таъмини барқи фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав баъди 12 соат аз сар гирифта шуд. Бебарқӣ, ки иллаташ канда шудани хутути интиқоли нирӯи барқ ба далели сардии сахт ва ях бастани ноқилҳо будааст, дирӯз боиси қатъи теъдоди зиёди парвозҳо дар ин фурудгоҳ шуд. Аксари парвозҳо аз Маскав ба Тоҷикистон низ тавассути ҳамин фурудгоҳи Домодедово анҷом мешавад. Ҳавои сард ва яхбандӣ ҳарҷумарҷи зиёдеро дар давру бари пойтахти Русия эҷод карда, бар асари шикастани дарахтҳо ваё афтидани шӯшаҳои ях танҳо дар Маскав дастикам 20 нафар ҷароҳат бардоштаанд.