Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷрои ҳукми қатли Латифӣ ба таъхир омад


Эрон иҷрои ҳукми эъдоми фаъоли курд Ҳабибуллоҳ Латифиро, ки бо ҷурми ҳимоят аз як гурӯҳи ҷудоиталаби курдҳо мебоист рӯзи якшанбе ба дор овехта мешуд, ба таъхир андохтааст. Неъмат Аҳмадӣ, вакили мудофеъи Латифӣ ба хабаргузории нимарасмии ИСНО гуфт, ҳукми қатли муваккили ӯ иҷро нашуд ва субҳи дирӯз ба Латифӣ имкон додаанд, то бо аҳли хонаводааш мулоқот кунад. Гурӯҳҳои байналмилалии ҳуқуқи башар аз Эрон даъват карда буданд, ҳукми Ҳабибуллоҳ Латифиро иҷро накунад. Ин фаъоли курд дар соли 2008 бо ҷурми “муҳориба алайҳи Худованд” маҳкум ба қатл шудааст.
XS
SM
MD
LG