Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истирдоди 4 тоҷик аз Кобул ба Душанбе


Мақомоти Афғонистон 4 шаҳрванди тоҷик, бо шумули ду тан аз маҳбусони фирориро ба мақомоти Тоҷикистон супурдаанд. Нозирҷон Бӯриев, сухангӯи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Ҳикматуллоҳ Азизов ва Баҳром Орифҷонов аз ҷумлаи 25 маҳбусеанд, ки рӯзи 23 август аз боздоштгоҳи ин кумита фирор карданд.
Ду тани дигари аз Кобул ба Душанбе мустаридшуда ба узвият дар Ҳаракати исломии Узбакистон муттаҳам мешаванд. Ин 4 нафар ҳамроҳ бо 3 афғони низ аз боздоштгоҳи Душанбе фироркарда рӯзи 19 декабр дар Тахор боздошт шуданд.
XS
SM
MD
LG