Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев пирӯзиро ба Лукашенко табрик гуфт


Раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев дар паёми расмие пирӯзӣ дар интихоботро ба раисиҷумҳури Беларус, Аляксандр Лукашенко табрик гуфт. Ин дар ҳоле ба амал омад, ки Ғарб аз тақаллуб дар интихоботи президентии Беларус ва саркӯбии мухолифон баъд аз раъйдиҳии 19-уми декабр шадидан интиқод кардааст. Кумиссюни марказии интихоботии Беларус эълон кард, ки 79,6 дарсади раъйдиҳандагон аз номзадии Луашенко ҳимоят карда, рақиби асосии ӯ ҳамагӣ 2,4 дарсад райъ овардааст. Аввали ҳафта Медведев зӯроварии полис дар нисбати тазоҳуркунандагонро "кори дохилӣ"-и Беларус унвон кард.
XS
SM
MD
LG