Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Айбномаи нави сарвазири пешини Украина Тимошенко


Иттиҳомоти наве алайҳи сарвазири пешини Украина, Юлия Тимошенко эълон гашт, ки аз сирқати 120 000 доллар иборат аст. Муфаттишон гуфтаанд, пештар Тимошенко дар сӯистифода аз мақоми давлатӣ айбдор шудааст. Аммо ӯ ин иттиҳомотро рад кард ва гуфт, маблағи зикршуда аз тарафи ҳукумат ба Бонки давлатӣ пардохт шудааст. Айбномаи сӯистифода аз мақоми давлатӣ Тимошенко бо муҷозоти 10 соли ҳабс рӯбарӯ кардааст. Вай забонхат додааст, ки Киевро тарк нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG