Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ADB соли оянда ба Тоҷикистон қарз намедиҳад


Бонки Осиёии Рушд эълом кард, ки соли оянда бинобар қарзи зиёди хориҷии Тоҷикистон ба ин кишвар қарз нахоҳад дод. Ҷоҷӣ Токешӣ, раҳбари дафтари бонк дар Душанбе ба хабарнигорон гуфт, қарзи хориҷии Тоҷикистон тайи нӯҳ моҳи гузашта панҷу аз даҳ ҳашт дар сад афзоиш ёфта ва ба тақрибан 1 миллиарду ҳаштсад миллион доллар расидааст. Ба гуфтаи Ҷоҷӣ Токешӣ, бо назардошти мушкилоти Тоҷикистон дар баргардонидани қарзҳои хориҷиаш Бонки Осиёии Рушд тасмим гирифтааст, соли оянда ба ин кишвар қарз надиҳад. Аммо ихтисоси кӯмакҳои бебозгашт барои иҷрои барномаҳои ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон идома мекунад.
XS
SM
MD
LG