Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати панҷ сокини осоишта дар задухӯрде дар Ҳилманд


Як намояндаи волии Ҳилманди Афғонистон имрӯз аз ҳалокати панҷ сокини осоишта дар ҷараёни задухӯрди нерӯҳои НАТО бо мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” хабар дод. Ба гуфтаи Довуд Аҳмадӣ, се зан ва ду кӯдак рӯзи сешанбе ҳангоми тирандозии ду ҷониб дар мавзеъи Сангин кушта шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, рӯшан нест, ки сокинони осоишта ҳадафи тири низомиёни НАТО қарор гирифтанд ё мусаллаҳони Толибон. Аҳмадӣ ҳамчунин гуфт, ки дар ин задухӯрд ҳафт тан аз толибон ба ҳалокат расиданд.
Дар ин миён дафтари волии Ҳилманд аз НАТО даъват намуд, ки ҳангоми баргузории амалиёти низомӣ аз ҳалокати мардуми осоишта ҷилавгирӣ кунад. Низомиёни НАТО гуфтаанд, ки хабари ҳалокати сокинони осоишта дар мавзеъи Сангинро таҳқиқ мекунанд.
XS
SM
MD
LG