Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобинаи нави Ироқ дар порламон ба тасвиб расид


Порламони Ироқ баъд аз чанд моҳи бунбасти сисёсӣ аъзои кобинаи навро ба тасвиб расонд. Намояндагони порламон номзадии Нурӣ ал-Моликиро барои даври дуввум дар мақоми нахуствазирӣ ба тасвиб расонданд. Ҳусейн Шаҳристонӣ, ки то ҳол семати вазири нафтро ӯҳдадор буд, мақоми муовини нахуствазир дар бахши энержиро соҳиб шуд. Моликӣ рӯзи душанбе феҳристи аъзои кобинаи нави худро ба порламон пешниҳод кард. Тибқи Қонуни Асосӣ рӯзи шанбе, 25-ӯми декабр мӯҳлати ташкили кобинаи нав ба охир мерасад.
XS
SM
MD
LG