Додгоҳи Қазоқистон, раҳбари як ҳаракати мардумиро бо гуноҳи ташкили тазоҳуроти ғайриқонунӣ дар шаҳри Алмаато ба 15 рӯзи зиндон маҳкум кардааст. Есенбек Окташбоев, раиси ҳаракати Манзил барои мардум ҳамроҳ бо даҳҳо нафари дигар дар баробари шаҳрдории Алмаато ҷамъ омада ва хостори истеъфои Серик Сайидумонов муовини раиси шаҳр шуданд. Онҳо мегуфтанд, ки бо айби ин нафар, бунёди манзилҳои истиқоматие, ки онҳо барояшон сармоягузорӣ кардаанд, мутаввақиф шудааст. Серик Сайидумоновро, рӯзи 19 декабр ба дафтари пулис даъват карда ва ӯро аз онҷо ба додгоҳ бурда ва барои 15 рӯз ба зиндон маҳкум кардаанд.