Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пхенян ба машқи нави Сеул посух доданӣ нест


Кореяи шимолӣ гуфт, ба машқҳои имрӯзаи низомиёни Кореяи ҷанубӣ дар наздикии марзи баҳсии ду кишвар посух нахоҳад дод. Ҳамзамон, бино ба хабарҳо, мақомоти Пхенян ба фиристодаи Амрико Билл Ричардсон гуфтаанд, ки шояд азсаргирии назорати байналмилалии барномаҳои ҳастаии зиддунақизи ин кишварро бипазиранд. Кореяи ҷанубӣ имрӯз бо истифода аз тӯпхонаҳои мустақар дар ҷазираи Ёнпиёнг машқи низомиеро анҷом дод, ки 90 дақиқа тӯл кашид. Кореяи шимолӣ обҳои атрофи Ёнпиёнгро қаламрави худ шинохта, таҳдид карда буд, ки ба ҳар навъ машқи низомӣ дар ин қаламрав посух хоҳад дод. Рӯзи 23 ноябр бар асари шиллики тӯпҳои Кореяи шимолӣ дар Ёнпиёнг 4 нафар ҳалок шуданд.
XS
SM
MD
LG