Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти омӯзгорони қирғиз дар Балиқчӣ


Ҳудуди 600 мураббии кӯдакистонҳо ва омӯзгорони макотиби миёна имрӯз бо талаби маоши беҳтар дар рӯбарӯи маъмурияти шаҳри Балиқчии вилояти Иссиқкӯл, дар шимоли Қирғизистон гирди ҳам омаданд. Эътирозгарон қарори ҳукумат дар мавриди 30 дарсад боло бурдани маоши омӯзгорон аз соли навро нокофӣ медонанд. Вазорати маорифи Қирғизистон дар посух ба эътирозҳову корпартоиҳои ахири омӯзгорон розӣ шуд, маоши онҳоро аз 1 январ 30 дарсад боло бардорад. Вале дар ҳафтаи гузашта омӯзгорон бо баргузории эътирозҳо дар Олой, Ҷетиоқуз ва Талос хостори маоши боз ҳам баландтар шуданд.
Маоши моҳонаи омӯзгорони макотиби Қирғизистон дар ҳоли ҳозир аз 30 то 40 долларро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG