Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машқҳои тӯпхонаӣ дар Ёнпиёнг


Кореяи ҷанубӣ машқҳои зиндаи тӯпхонаӣ дар наздикии марз бо Кореяи шимолиро имрӯз анҷом додааст. Тирандозӣ аз тӯпхонаҳои Кореяи ҷанубӣ дар ҷазираи Ёнпиёнг тақрибан 90 дақиқа идома кард. Ин ҷазира рӯзи 23 ноябр ҳадафи шиллики тӯпхонаҳои Кореяи шимолӣ қарор гирифт. Бар асари он тирандозӣ 4 нафар ҳалок шуданд. Дар пешорӯи машқҳои имрӯза мақомот аз аҳолии ҷазира хостанд, ба хотири ҳифзи худ аз посухи Кореяи шимолӣ дар паноҳгоҳҳо пинҳон шаванд.
Кореяи шимолӣ Ёнпиёнгро қаламрави худ шинохта, таҳдид кардааст, ки ба ҳар машқи ҷадиди низомӣ посух хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG