Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид бар сари тарҳи баёния дар мавриди танишҳо дар нимҷазираи Куриё ба тавофуқ нарасид. Аъзои шӯро рӯзи якшанбе ҳашт соат гуфтӯгу карданд, аммо ба гуфтаи дипломатҳо натавонистанд, ихтилофи назарҳоро рафъ кунанд. Иёлоти Муттаҳида ва аъзои дигари Шӯрои Амният хостанд, то дар баёния Куриёи Шимолӣ барои ду ҳамла ба рақибаш Куриёи Ҷанубӣ маҳкум шавад. Аммо Чин шарики Куриёи Шимолӣ ва ҳамчунин Русия мухолифи чунин лаҳн дар баёния будаанд. Виталий Чуркин, сафири Русия дар Созмони Милал аз Куриёи Ҷанубӣ хост, аз баргузории тамринҳои низомии панҷрӯза худдорӣ кунад. Куриёи Ҷанубӣ эълом кард, ки имрӯз дар як ҷазираи марзие, ки Куриёи Шимолӣ моҳи гузашта ба он ҳамла кард, тамринҳои низомӣ баргузор мекунад.