Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мутолеоти маркази фарҳангии Бохтар муаррефӣ шуд


19 декабр дар яке аз толорҳои консертии пойтахт маросими муаррифии барномаи байналмилалии «Ҳифзи мусиқии қадимаи мардуми тоҷик» баргузор шуд. Аз як сол ба ин сӯ ин экспедитсия ё сафари омӯзишӣ идома дошт ва дар он коршиносони тоҷик ширкат доштанд. Созмондиҳандагони ин сафари омӯзишӣ Маркази фархангии Бохтар буд ва барномаи онҳоро Бунёди СОРОС ва сафарати Амрико дар Тоҷикистон сармоягузорӣ карданд. Дастандаркорони ин барнома мегуянд, аҳамияти экспедитсия ин аст, ки он баъди тақрибан 70 сол сурат гирифитааст. Чунин экспедитсия дар Тоҷикистон барои омӯзиш ва пайдову пешниҳоди мусиқӣ ва асбобҳои қадимаи мардумӣ дар соли 1956 анҷом гирифтааст.
XS
SM
MD
LG