Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чину Покистон қарордоди 20 миллиард долларӣ имзо карданд


Чину Покистон дар ҷараёни боздиди Вен Ҷибао-нахуствазири Чин аз Покистон қарордодҳои ҳамкории 20 миллиард долларӣ имзо карданд. Вазири иттилооти Покистон ба матбуот гуфтааст, ин ду кишвар дар маҷмӯъ дар бахшҳои энерживу роҳи оҳан, бозсозӣ ва кишоварзиву фарҳанг 13 қарордоди ҳамкорӣ ва ёддошти тафоҳум имзо кардаанд. Дар поёни рӯз мулоқоти Вен Ҷибао бо Осеф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳури Покистон низ дар назар гирифта шудааст. Ҷибао дар ҳамоиши тоҷирону соҳибкорон ва дар маросими гушоиши Маркази фарҳангии Чин дар Исломобод низ ширкат меҷӯяд. Рӯзи якшанбе қабл аз хатми боздидаш дар порламони Покистон ба намояндагони он паём мефиристад.
XS
SM
MD
LG