Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CPJ раҳоии рӯзноманигори тоҷикро дархост кард


Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон аз боздошти рӯзноманигор Муҳаммадюсуф Исмоилов дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст ва аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки вайро раҳо кунанд. Нина Огнянова-ҳамоҳангсози н кумита гуфтааст, ки ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти тааҳуддоти байналмиллалиаш бояд дар қонунҳои худ пешбинӣ кардани ҷазо барои нашри маводи таҳқиромез ё тӯҳматро бознигарӣ кунанд ва онро бо ҷазои шартӣ ва ё маъмурӣ тағир диҳанд. Муҳаммадюсуф Исмоилов-яке аз рӯзноманигорон дар вилояти Суғд 23-юми ноябри соли ҷорӣ боздошт шуд. Агар вай муттаҳам дониста шавад, дар он сурат ба вай ҳукми 2,5 соли зиндон таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG