Дар чаҳорчӯби нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Истамбул форуми тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркия бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон ва Абдулло Гул низ баргузор хоҳад шуд. Сафири нави Туркия дар Душанбе Меҳмет Мунис Дирик баъд аз анҷоми маросими супурдани ваколатнома ба раисиҷумҳури Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфт, ки мулоқоти сарони ду кишвар рӯзи 22 декабр баргузор мешавад ва он саҳифаи навро дар равобити миёни ду кишвар боз хоҳад кард.
Ба иттилоъи Оҷонси омори Тоҷикистон, тайи ёздаҳ моҳи ахир табодули молу коло миёни Туркия ва Тоҷикистон беш аз 368 миллион долларро ташкил додааст.
Ба иттилоъи Оҷонси омори Тоҷикистон, тайи ёздаҳ моҳи ахир табодули молу коло миёни Туркия ва Тоҷикистон беш аз 368 миллион долларро ташкил додааст.