Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозори меҳнат дар Тоҷикистон танзим мешавад


Ҳукумати Тоҷикистон бо ҳимояи молии Иттиҳодияи Аврупо лоиҳаи Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнат то соли 2020-ро омода мекунад, ки танзими бозори меҳнати дохили кишварро ҳадаф қарор додааст. Агрита Гроза, масъули лоиҳа аз намояндагии ИА гуфт, ин тарҳ дар ҳамдастӣ бо ниҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатии ин кишвар омода шудааст.

Вай афзуд, лоиҳа қисмати тарҳи Иттиҳодияи Аврупо барои дастгирии сокинони Тоҷикистон аст:

«Маҳз ба он нигаронида шудааст, ки мардум кор пайдо кунанд, ба бозори қонунӣ ворид шаванд ва дар бозори сабтиномшудаи меҳнат ширкат намоянд. Ин иқдомот ва тадобир, кишвари шуморо мустаҳкам мекунанд. Хеле муҳим аст, ки ин роҳи нави ворид шудани маболиғи иловагӣ ба будҷа хоҳад буд, зеро ҳисобу китоби мо ин стратегияро фоидаовар нишон медиҳад. Он маболиғе, ки харҷ мешаванд, дар шакли даромад ба буҷаи Тоҷикистон ворид мешаванд»

Лоиҳаи Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнат то соли 2020, қисмати тарҳи бузурги Иттиҳодияи Аврупо аст, ки барои рушди соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ пешбинӣ шудааст ва 5 миллион евро ҳазина дорад.

Стратегия бар пояи воқеиятҳои имрӯзии кишвар

Даврон Валиев аз вазорат меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, ин стратегия дар зимн фалсафаи нави бозори меҳнатро дарбар мегирад ва бар пояи воқеиятҳои имрӯзи кишвар рӯи кор омадааст.

Вай афзуд: «Вазъи имрӯза ташвишовар аст, зеро дар ҳамаи манотиқи Тоҷикистон сатҳи қисмати фаъоли мардум кам мешавад, яъне шуғли расмӣ аз суръати афзоиши аҳолӣ қафо мондааст. Системаи маориф аз эҳтиёҷоти бозори меҳнат қафо мондааст. Ҷавонони қобили кори мо дар бозори меҳнат рақобатпазир нестанд. Як қисмати муҳими стратегия бо кор таъмини кардани афроди маъюбу маслуқ аст».

Ба қавли дастандаркорон, Лоиҳаи Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнат, ки баъд аз омода шудан ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод мешавад, иқдоми навбатӣ ҷиҳати коҳиш додани бекорӣ ва танзими бозори меҳнат дар Тоҷикистон аст.

"Мардум расман бекор аст, аммо шуғле дорад"

Тибқи иттилоъи расмӣ, аз ҳудуди 3,5 миллион нафар афроди қобили кори кишвар, 1,8 миллион нафар дар дохил ва беш аз 800 ҳазор нафар дар хориҷи кишвар машғули коранд. Расман теъдоди бекорон 3 дарсад гуфта мешавад ва ин ҳам 40 ҳазор нафареанд, ки ба таври расмӣ, худро бекор сабти ном кардаанд. Аммо дар гузоришҳои созмонҳои байнулмилалӣ, сатҳи бекорӣ аз 15 то 30 дарсад гуфта мешавад.

Коршиносон мегӯянд, роҳандозии ҳар гуна барномаҳои танзими бозори меҳнат ба хотири коҳиши бекорӣ дар Тоҷикистон муваффақ нахоҳад буд, зеро қабл аз ҳама арқоми дақиқ вуҷуд надоранд ва бар пояи арқоми тахминӣ фақат мешавад «бо осиёбҳои бодӣ ҷангид».

Фирӯз Саидов, коршинос дар умури иҷтимоӣ мегӯяд, дар Тоҷикистон агарчи расман мардум бекор маҳсуб мешаванд, аммо шуғле доранд:

«Аксари мардум худро бекор меҳисобанд, аммо дар бозор менишинанд ё бо ягон кори дигар машғуланд ё коре мекунанд, ки ба қайд гирифта нашудааст, яъне онҳо андоз намесупоранд. Масалан, муҳоҷирони меҳнатиро чӣ гӯем — коргар ё бекор? 90 дарсади онҳо муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳастанд. Аксари онҳо мавсимӣ ҳастанд. Коргари мавсимӣ. Дар Русия ҳам қайд намешаванд, дар ин ҷо ҳам. Агар ин ҳама таҳқиқ шавад, шояд сатҳи бекорӣ 10-12 дарсад шавад»

Коршиносон мегӯянд, дар ҳоли ҳозир ҳукумат мардумро ба ҳоли худ гузоштааст, ки худ нони худро пайдо кунад, аммо дар як кишвари мутамаддин бояд ҳама равандҳо, аз он ҷумла бозори меҳнат таҳти назорат бошад. Ба қавли онҳо, гардиши пул дар бозори дохилӣ, вуруди андоз ба будҷа ва дар маҷмӯъ рушди иқтисод ба ин раванд вобаста аст.

Ҳукумат барои мардум кор пешниҳод мекунад

Яке аз тадобире, ки ба хотири коҳиши бекорӣ ба таври ҳамешагӣ дар саросари кишвар гирифта мешавад, роҳандозии ярмаркаҳои корӣ аст. Вазорату корхонаҳои кишвар рӯйхати ҷойҳои кори холиро ба ин ярмаркаҳо пешниҳод мекунанд. Аммо коруфтодагон мегӯянд, аслан корҳое пешниҳод мешаванд, ки маоши кам доранд.

Ризо, як мардикор дар бозори Шоҳмансур мегӯяд, чанд маротиба ба ин гуна ярмаркаҳо рафтаву ноком шудааст:

«Як-ду бор рафтам, аммо маошу шароиташ маъқул нашуд, аз ин хотир дигар нарафтам. Аммо тариқи мардикорӣ ҳар ҳафта 300 — 400 сомонӣ пайдо мекунам. Бо ин пул мешавад, ки рӯзгорро пеш бурд»

Мирзораҳмат Иброҳимов, сарвари Сарраёсати агентии ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли шаҳри Душанбе мегӯяд, тайи ду соли ахир дар ярмаркаҳои пойтахт то 2,5 ҳазор ҷои кор пешниҳод ва беш аз ҳазор нафар бо ҷои кор таъмин шудаанд. Вай афзуд, натиҷаҳои аз ин беҳтарро низ метавон ба даст овард, агар мушкилоти бозори дохилӣ набошанд:

«Аз маоше, ки корхонаву муассисаҳо пешниҳод мекунанд, мардум розӣ нестанд. Тарафи дигари масъала ин аст, ки баъзеҳо соҳибкасб ҳастанд ва корхонаҳо онҳоро қабул мекунанд, аммо бархеи дигар ба далели савияи пасти кордониашон ба кор қабул намешаванд»

Ба гуфтаи оқои Иброҳимов, дар ярмаркаҳо умдатан корҳои хизматрасонӣ, аз қабили ронанда, муаллим, коргузор, барқчиву боғбон ва ғайра пешниҳод мешаванд ва ҳадди миёнаи маош дар ярмаркаҳои кори Душанбе 247 сомониро ташкил медиҳад. Ба қавли ӯ, дар соҳаҳои сохтмону нақлиёт маоши калонтарин то 1, 5 ҳазор сомонӣ аст.

100 ҳазор ҷойи кор тайи солҳои ахир

Ярмаркаҳои ҷойи кор яке аз тадобири ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати коҳиш додани бекорӣ дар кишвар аст, ки аз соли 1991 ба ин сӯ дар саросари кишвар роҳандозӣ мешавад. Аммо дар ин муддат баробари афзоиши аҳолӣ, теъдоди бекорон низ афзудаву сол ба сол ба як мушкили умдаи кишвар табдил меёбад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми суханронӣ дар Маҷмаи СММ эълом дошта буд, ки дар кишвар тайи солҳои ахир 100 ҳазор ҷои кор ташкил шудааст. Аммо Тоҷикистон ҳанӯз ҳам як кишвари содиргари қувваи корӣ ба хориҷ, қабл аз ҳама Русия боқӣ мондааст, ки солона тибқи иттилоъи расмӣ, 730 ҳазор ва ғайрирасмӣ то 2 миллион нафар ба ин кишвар ба корҳои доимиву мавсимӣ мераванд.
XS
SM
MD
LG