Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳои нажодпарастона дар шаҳрҳои канори Маскав


Дар шаҳри Солнечногорски канори Маскав гурӯҳи нажодпарастони рус дар кӯчаҳо раҳпаймоӣ карда, афроди ғайриславяниро ҳадафи лату кӯб доданд. Онҳо бо шиорҳои миллатгароёна дар майдони назди истгоҳи роҳи оҳан ҷамъ омаданд. Кормандони милиса ба ин ҷо интиқол дода шуданд.
Чунин раҳпаймоии нажодпарастҳои рус дар дигар шаҳри канори Маскав – Зеленоград ҳам баргузор шуд. Ба иттилоъи хабаргузории Интерфакс, дар ин шаҳр корманди милиса 15 нафарро боздошт карданд.
XS
SM
MD
LG