Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 28 паноҳанда дар соҳилҳои Австралия


Бар асари ғарқ шудани киштӣ бо паноҳандагон дар соҳилҳои як ҷазираи мансуб ба Австралия дар уқёнуси Ҳинд дасти кам 28 нафар ба ҳалокат расиданд. Ба иттилоъи сарвазири Австралия Ҷулия Ҳиллард, 44 нафар паноҳандагон аз кишварҳои Осиёву Ховари Миёна, асосан аз Ироқу Эрон, наҷот ёфтанд. Тахмин зада мешавад, ки теъдоди мусофирони киштӣ тақрибан сад нафар буд. Амалиёти наҷоти мусофирони киштӣ идома дорад.
Ҳамасола ҳазорон нафар тавассути киштиҳои хурд аз соҳилҳои Индонезӣ ба Австралия мераванд, то ки дар ин кишвар ҳаққи паноҳандагӣ пайдо кунанд.
XS
SM
MD
LG