Дар Туркия имрӯз мурофиаи додгоҳӣ оид ба парвандаи талоши табаддулоти давлатӣ дар ҳафт соли пеш шурӯъ мешавад. Тақрибан 200 низомии феълӣ ва мустаъфии кишвар мавриди бозрасӣ дар додгоҳи Истамбул қарор мегиранд. Мақомоти додгоҳӣ аз ифшои ҷузъиёти парванда худдорӣ кардаанд ва аммо ахиран дар матбуоти Туркия тафсилоти ин табаддулоти давлатии пурсару садо нашр шуд.
Таҳлилгарон мурофиаи додгоҳии Истамбулро баёнгари таҳкими мавқеъи ҳукумат дар муқовимат бо низомиёни кишвар мехонанд, ки солҳои пеш дар сиёсати Туркия нуфузи зиёд доштанд.
Таҳлилгарон мурофиаи додгоҳии Истамбулро баёнгари таҳкими мавқеъи ҳукумат дар муқовимат бо низомиёни кишвар мехонанд, ки солҳои пеш дар сиёсати Туркия нуфузи зиёд доштанд.