Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани муфтии мусулмонони Қабардину Балқар


Дар Русия муфтии Ҷумҳурии Қабардину Балқар ба зарби гулӯла кушта шудааст. Полис мегӯяд, ду нафари ниқобдор дар назди манзилаш ӯро тирборон кардаанд. Раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев аз ҳалокати муфтии мусулмонони Қабардину Балқар изҳори таассуф ва ба наздикони ӯ таслият баён кард. Вай ба кашфи омилону фармоишгарони ин ҷиноят дастур дод.
XS
SM
MD
LG