Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Рӯдакӣ-67 ба бинои нав мекӯчанд


Шаҳрдории Душанбе сокинони бинои воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ-67-ро муваззаф кардааст, ки то рӯзи 17 декабр манзилҳои худро тарк кунанд. Аммо бошандагони бино мегӯянд, барои кашонидани кӯчҳояшон ба мушкил мувоҷеҳ мешаванд.

Музаффар Ашӯрова, як сокини бино мегӯяд, кӯч бастани онҳо вақт мехоҳад ва ин мӯҳлате, ки гузошта шудааст, кофӣ нест.

Ӯ гуфт: «Хайр, оҳиста-оҳиста мекӯчем. Розӣ ҳастем. Хонаи бад надоданд мувофиқи қарорашон. Раҳмат. Ҳадаҳа накунанд, охир. Одамон норизо. Дирӯз ин ҷо қариб гирдиҳамоӣ шуда буд. Ҳама гуфтанд, ки шаҳрдорӣ меравем. Барои он ки барқро хомӯш карданд ва обро надоданд. Агар барқ мебуд, нисфи мардум баъд аз кор чизу чораашонро мебурданд».

Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе
Вале Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдории Душанбе мегӯяд, мақомот ҳанӯз моҳе пеш сокинони ин биноро дар бораи тасмими шаҳрдорӣ огоҳ карда буданд ва калиди хонаҳои нав ба онҳо супурда шудааст.

Ӯ афзуд: «Мо умуман онҳо маҷбур намекунем ва гап сари истифодаи зӯр намеравад. Мо хеле пеш онҳоро гоҳ карда будем. Бахусус ки хонаҳояшонро дар бинои нав қабул кардаанд».

"Тарки манзил бароям сахт аст"

Бинои Рӯдакӣ-67 дар шафати муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, маркази пойтахт воқеъ аст ва 43 ҳуҷра дорад. Сергей, як сокини дигар, дар ин ҷо аз соли 1963, соли ба истифода даромадани бино зиндагӣ мекунад. Вай мегӯяд, барояш тарк кардани он, ки тамоми умраш гузаштааст, сахт аст.

Ӯ афзуд: «Ин ҷо интихоб вуҷуд надорад. Агар интихобе мебуд, гапи дигар буд. Ҳоло дар ин манозил ба зиндагӣ шурӯъ накардаем, аммо агар росташро гӯям, маъқул нестанд. Ваъда медиҳанд, ки шароити барқу об хуб мешавад. Хонаҳо тайёранд, аммо баъзе корҳо анҷом нашудаанд, ки ислоҳшавандаанд».

Шавкат Саидов мегӯяд, тахриби бинои Рӯдакӣ — 67, ки бояд рӯзи 19 декабр шурӯъ шавад, қисме аз барномаи амалӣ кардани Нақшаи кулли Душанбе аст. Вай афзуд, сокинон ба нуҳманзилаҳои канори рудхонаи Душанбе, воқеъ дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ мекӯчанд.

«Хонаҳое, ки шаҳрдорӣ ба онҳо медиҳад, бо усули замонавӣ сохта шудааст. Агар ин хонаҳо дарун ба дарунанд, хонаҳои хиёбони Ҳофизи Шерозӣ алоҳида, барҳаво ва барои зиндагӣ мусоид ҳастанд», - мегӯяд ӯ.

Фаввора ба ҷои бинои 67


Нақшаи кулли Душанбе соли 1983, дар замони Шӯравӣ омода шуда, аз се ҳалқаи рамзӣ, ҳоло дар якеаш татбиқ мешавад. Ҳалқаи аввал қисмати марказии шаҳри Душанберо дарбар мегирад. То ин замон манозили сокинон аз атрофи шаҳрдорӣ ва бозори Баракат кӯчонида, ба ҷои онҳо биноҳои маъмурӣ, ба шумули Қасри миллат, вазорати хориҷа ва Китобхонаи миллӣ сохта шудаву мешаванд. Дар ҷои бинои Рӯдакӣ — 67 фаввора сохта хоҳад шуд, ки ҷузъи Боғи Рӯдакии низ нав сохташуда хоҳад буд.

Қаблан аз навҳаи хеле дағали кӯчонидани сокинон бар пояи Нақшаи кулл зиёд гуфта мешуд. Ба қавле, онҳоро ба маҳаллаҳои дур аз марказ ва биноҳои садамавӣ мекӯчонданд.

Шавкат Саидов мегӯяд, ин тадобири муваққатӣ буд ва ҳоло кулли он сокинон боз ба марказ кӯчонида ва бо ҳуҷраҳои баробаразиш ба хонаҳои истиқоматиашон таъмин шудаанд.

Сокинони Рӯдакӣ-67 ба биноҳои нав дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ кӯч дода шудаанд
Нақшаи кулли Душанбе


Маркази матбуотии шаҳрдорӣ мегӯяд, иҷрои Нақшаи кулл баъд аз ин ҳам идома хоҳад ёфт. Тайи чанд моҳи наздик маҳаллаи Таҳмоси атрофи ипподроми пойтахт кӯчонида хоҳад шуд, ки дар он беш аз 230 оила зиндагӣ мекунанд.

Сухангӯи шаҳрдорӣ мегӯяд, тариқи расонаҳо сокинони кӯчаҳои Саъдии Шерозӣ, Аҳмади Дониш ва хиёбони Рӯдакӣ огоҳ карда шудаанд, ки манозили нав бунёд ва ё хонаҳояшонро таъмир накунанд, зеро дар ин минтақаҳо низ биноҳои як ва думанзила тахриб хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG