Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Севвумин вазири кобинаи Тимошенко боздошт шуд


Мақомоти интизомии Украина Георгий Филипчук-вазири собиқи зистмуҳитиро боздошт кардаанд. Вай барои сӯистифода аз мақом бозпурсӣ мешавад. Додситонӣ дар як эъломияе, ки имрӯз ба нашр расондааст, мегӯяд, ки баъд аз муҳосибаи молии фаъолияти кобинаи пешини вазирон бар зидди Филипчук парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Аз моҳи феврал то ба ин сӯ, яъне аз замони ба қудрат расидани Виктор Янукович-раиси ҷумҳур Филипчук вазири севвуми кобинаи вазирони Юлия Тимошенко мебошад, ки ба муҷозот кашонда мешавад.
XS
SM
MD
LG