Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дурнамои ҷанги Амрико дар Афғонистон эълом мешавад


Қасри Сафед мегӯяд, қарор аст раиси ҷумҳур Обама рӯзи панҷшанбе дар мавриди натоиҷи баррасии стратегияи ҷанги Амрико дар Афғонистон эъломияеро нашр намояд. Мумкин аст вазири дифоъ Роберт Гетс ва вазири хориҷаи ин кишвар Ҳилларӣ Клинтон дар мавриди эъломияи раиси ҷумҳур Обама ба хабарнигорон тавзеҳот диҳанд.

Қасри Сафед як нусхаи умумии ин эъломияро барои мардум низ нашр хоҳад кард. Раиси ҷумҳур Обама, ки дар авоили моҳи ҷорӣ барои дидор бо сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон як сафари ғайримунтазира ба ин кишвар дошт, қарори маълум, ҳеҷ суханроние дар мавриди натоиҷи ин эъломия нахоҳад кард.

Дар ин бора хабаргузориҳои ғарбӣ менависанд: "Қабл аз нашри натоиҷи баррасии стратегияи ҷанг дар Афғонистон, раиси ҷумҳур Обама имрӯз бо кобинаи ҷангии худ машварат ва сӯҳбат мекунад.

Сухангӯи Қасри Сафед Роберт Гибс гуфт: «Раиси ҷумҳур Обама итминон дорад, ки ИА дар ҷанги Афғонистон пешрафтҳое доштааст

Вогузории масъулиятҳои амниятӣ ба афғонҳо

Интизор меравад, ки дар ин баррасӣ, таъкиди бештар ба вогузор сохтани масъулияти амниятии Афғонистон ба қувваҳои худи ин кишвар то соли 2014 сурат гирад.

Нуқтаи муҳими дигар, нақши Покистон дар бӯҳрони Афғонистон мебошад, ки суолҳои ҷиддӣ дар мавриди он вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи оқои Гибс, ҳарчанд дар соҳаи низомӣ дар ин баррасӣ шояд пешрафтҳое зикр шавад, аммо дар масоили амниятӣ ва идорӣ таҳдидҳое мушоҳида мешавад.

Пайкор бо Толибон идома дорад

Фармондеҳи умумии қувваҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон генерал Давид Петреус мегӯяд, ки дар ҷанги Афғонистон бояд аз ҳавсала кор гирифт, зеро 30 ҳазор сарбози амрикоӣ ва 10 ҳазор сарбози кишварҳои дигари НАТО чаҳор моҳ мешавад, ки ба Афғонистон омадаанд ва бояд мунтазири натоиҷи фаъолиятҳои онҳо буд.

Ҳадаф аз фиристодани 30 ҳазор сарбози тозанафаси амрикоӣ тавассути раиси ҷумҳур Обама ба Афғонистон ин аст, ки дар саҳнаи ҷанг, Толибон заъиф шаванд, аммо таҳлилгарон ба ин назаранд, ки бо васфи афзоиши қувваҳо, то ҳанӯз ҳам ҷиҳати ҷанг дар Афғонистон ба нафъи Амрико тағйир накардааст.

Ба навиштаи хабаргузории Ассошиатед Пресс, ҳарчанд қувваҳои НАТО дар ҷануби Афғонистон қароргоҳҳои муҳими мухолифини мусаллаҳро шадидан зарба задаанд, аммо Толибон ҷабҳаҳои худро дар шимол ва шарқи Афғонистон тавсеа додаанд.

Покистон - монеаи субот дар Афғонистон

Аз сӯи дигар, бо афзоиши теъдоди сарбозони дар Афғонистон, талафоти онҳо низ бештар шуда садҳо афғони мулкӣ ҳам дар натиҷаи ҳамлаҳои Толибон кушта шудаанд.

Ба навиштаи хабаргузории Ассошиатед Пресс, дар он сӯи сарҳад, дар қаламрави Покистон низ пешрафтҳои қувваҳои Амрико маҳдуд будааст.

Илова бар он, ҳукумати Афғонистон, ки дараҷаи фасоди идорӣ дар он густурда мебошад, ҳанӯз ҳам як нуқтаи заъф дар талошҳои Амрико ба шумор меравад.

Ба ҳар ҳол, як нуқтаи дигар, ки метавон сабаби таҳаввул шавад, талошҳои сулҳ ва оштӣ бо Толибон мебошад, ки раиси ҷумҳури Афғонистон Карзай оғоз кардааст. Ҳарчанд то ҳол дар ин соҳа кор ва тамосҳо дар марҳалаҳои муқаддамотӣ қарор дорад, вале ИМ ва кишварҳои дигар аз ин талошҳо ҳимоят мекунанд.
XS
SM
MD
LG