Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Палатаи поёнии парлумони Италия ҳам аз ҳукумат пуштибонӣ кард


Вакилони палатаи поёнии парлумони Италия ба ҳукумати нахуствазир Силвио Берлусконӣ изҳори эътимод карданд. Ҳукумати Берлусконӣ аз ҷонибдории 314 вакили парлумон бархурдор шуд, 311 нафар хостори изҳори беэътимодӣ шуданд. Аз ин пеш кобинаи Берлусконӣ аз сӯи вакилони Сенат - палатаи болоии парлумони кишвар ҳам пуштибонӣ ёфта буд.
Раъйдиҳӣ дар парлумон бо ибтикори вакилон аз аҳзоби чапгаро ва бархе аз вакилони ростгаро, ки аз эътилофи таҳти раҳбарии Берлусконӣ берун шудаанд, сурат гирифт. Нахуствазир қабл аз раъйдиҳӣ дар Сенат суханронӣ кард ва гуфт, ки истеъфои ӯ боиси нооромиҳо дар Италия хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG