Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WikiLeaks: Равобити ҳукумати Узбакистон бо олами ҷиноӣ


Дар барқияи дипломатии Иёлоти Муттаҳида, ки Викиликс ифшо кардааст, аз сатҳи фасод дар Узбакистон ва пайвандҳои эҳтимолии ҳукумати ин кишвар бо олами ҷиноӣ изҳори нигаронӣ шудааст. Дар он аз як мавриди таҳдиди президент Каримов ба қатъи интиқоли амволи Иёлоти Муттаҳида барои такмили нерӯҳояш дар Афғонистон баъд аз тақдими ҷоизаи Амрико ба фаъоли ҳуқуқи инсон ёд шудааст. Дар барқияҳои дигар сухан аз пайвандҳои ҳукумати Узбакистон бо олами ҷиноӣ, хариду фурӯши мансабҳо ва талошҳои духтари президент Гулнора Каримова ба зери даст гирифтани риштаҳои сердаромади кишвар рафтааст.
XS
SM
MD
LG