Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манучеҳр Муттакӣ аз мақомаш барканор шуд


Пойгоҳи иттилоърасонии раиси ҷумҳури Эрон рӯзи душанбе эълом кард, ки Манучеҳр Муттакӣ, вазири умури хориҷаи ин кишвар аз симмати худ барканор шуда ва Алӣ Акбар Солеҳӣ ба унвони сарпарасти вазорати умури хориҷаи ин кишвар мансуб шудааст.

Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон дар номае хитоб ба Манучеҳр Муттакӣ аз « хизматҳо»-и вай дар даврони раҳбарии вазорати хориҷа қадрдонӣ кардааст.

Вай дар ҳукми дигаре, Алӣ Акбар Солеҳӣ, раиси Созмони энержии атомиро ба унвони сарпарасти вазорати умури хориҷаи Эрон мансуб кардааст.

Барканории оқои Муттакӣ аз симмати худ дар ҳоле сурат мегирад, ки ба гуфтаи хабаргузории "Меҳр"-и эронӣ, вай ҳамакнун ба манзури расонидани паёми Маҳмуди Аҳмадинажод ба раиси ҷумҳури Сенегал, дар ин кишвари африкоӣ ба сар мебарад.

Ин барканорӣ, нахустин тағйир дар давлати даҳуми Эрон ба шумор меравад, ки дар натиҷаи интихоботи ҷанҷолии соли гузашта рӯи кор омад.

Маҳмуди Аҳмадинажод дар чаҳор соли фаъолияти давлати нӯҳум, вазирони вазоратхонаҳои омӯзиш ва парвариш, нафт, саноат ва маъодин, дохила, иқтисод, додгустарӣ, роҳу таробарӣ, иттилоот ва иршодро тағйир дода буд.
XS
SM
MD
LG