Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев хост, то ошӯбгарони Маскав ҷазои сазовор бигиранд


Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия, қавл дод, ҳамаи ошӯбгароне, ки рӯзи шанбе дар маркази Маскав шиорҳои нажодпарастона сар дода ва бо кормандони милиса бархӯрд карданд, ҷазои сахт хоҳанд гирифт. Дмитрий Медведев дар ҳузури кормандони мақомоти интизомӣ имрӯз гуфт:" Ҳодисаҳои чанде пеш, харобкорӣ ва ҳамла ба одамон дар Маскав бояд ҷиноят дониста шавад ва афроди ҷинояткарда бояд ба масъулият кашида ва ҷазо дода шаванд." Бар асари бархӯрди бештар аз 5 ҳазор мухлисони футбол ва миллатгароёни рус дар назди Кремл дасти кам 30 нафар маҷрӯҳ шуданд. Маъмурони милиса бештар аз 60 нафарро дастгир карданд. Раҳпаймоии рӯзи шанбе аввалан ба хотири эътироз аз қатли як мухлиси дастаи Спартак будааст, ки ӯро гӯё як қафқозӣ куштааст. Бино ба гузоришҳо имрӯз афроди номаълум як қирғизро бо зарби корд куштаанд.
XS
SM
MD
LG