Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 14 нафар дар таркишҳо дар Ироқ


Бар асари ду таркиши маргталабона дар Ироқ дасти кам 14 нафар ба ҳалокат расида, 44 нафар ҷароҳат бардоштанд. Як маргталаб мошини ҳомили маводи таркандаро дар канори бинои ҳукумати маҳаллии шаҳри Ромадӣ, маркази вилояти Анбор, воқеъ дар 115 километрии ғарби Бағдод, инфиҷор кард, ки дар натиҷа 12 нафар, аз ҷумла, 6 корманди полис кушта шуданд.
Инфиҷори маргталабонаи дуввум дар шаҳри Бақуба рӯх дод, ки дар он ду кас кушта шуда, се нафар ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG