Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти хабарнигори “Нури зиндагӣ” дар Ашт


Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори маҳаллии нашрияи “Нури зиндагӣ” дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд боздошт шудааст. Ҷумъаи Мирзо, сардабири “Нури зиндагӣ”, дар ин бора ба Озодӣ хабар дод ва гуфт, ки “Муҳаммадюсуф Исмоилов ду ҳафта ба ин сӯ дар боздоштгоҳ ба сар мебарад.”

Муҳаммадюсуф Исмоилов, сокини ноҳияи Ашт, аз соли 2008-ум ҳамкории худро бо ҳафтаномаи “Нури зиндагӣ” ба роҳ монда, дар он матолиби мухталиферо дар бораи ҳаёти сокинони ин ноҳия ба нашр мерасонд. Вай ҳамчунин тавзеъ ва фурӯши “Нури зиндагӣ”-ро дар ноҳияи Ашт ба ӯҳда дошт.

Сарнавишти норӯшани хабарнигор

Додситонии ноҳияи Ашт бо ирсоли як нома аз масъулони “Нури зиндагӣ” хостааст, ки дар бораи фаъолиятҳои Исмоилов дар ин ҳафтанома маълумот дода, инчунин, матолиби нашркардаи ӯро барои бозрасӣ фиристанд.

Аммо Ҷумъаи Мирзо мегӯяд, дар ин номаи додситонии ноҳияи Ашт гуфта нашудааст, ки хабарнигори онҳо дақиқан аз рӯйи кадом бандҳои қонуни ҷиноӣ ва дар асоси чӣ шикояте мавриди боздошт қарор гирифтааст.

Вай афзуд, “мо нусхаи ба кор қабул кардани ӯ, тибқи қарордод фаъолият доштан ва замони фаъолияташ дар “Нури зиндагӣ”-ро ба унвони додситонии ноҳияи Ашт фиристодем. Аммо дар номаи худ навиштем, ки агар лозим бошад, кормандони додситонӣ ба идораи нашрия омада, бо матолиби навиштаи ӯ ошно шаванд.”

Яке аз наздикони Муҳаммадюсуф Исмоилов, ки аз ноҳияи Ашт сӯҳбат мекард, низ гуфт, ки дар бораи вазъу ҳоли ӯ то кунун чизе барояшон рӯшан нест. Ҳатто онҳо намедонанд, ки феълан оқои Исмоилов дар боздоштгоҳи ноҳияи Ашт ба сар мебарад ва ё дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд.

Иллати аслии боздошт чист?

Талошҳои мо барои доштани тамос бо додситонии ноҳияи Ашт ҳам бенатиҷа буд, то аз онҳо иллати аслии боздошт ва нигаҳдории Муҳаммаюсуф Исмоиловро пурсем. Аммо як манбаъ, ки нахост номаш ифшо шавад, мегӯяд, Муҳаммадюсуф Исмоилов барои бадгӯӣ, талаби ришва ва маҳалгароӣ муттаҳам мешавад.

Ҷумъаи Мирзо, сардабири “Нури зиндагӣ” мегӯяд, вале асли боздошти Муҳаммадюсуф Исмоилов ба матолиби танқидии ӯ рабт мегирад, ки тайи як соли ахир дар “Нури зиндагӣ” ва “Истиқлол” ба чоп расида, вокунишҳои мухталифро дар пай доштааст.

“Бояд ёдоварӣ кунам, ки ҳар мақолае, ки ба чоп мерасонд, ҳатман аз ҷониби прокуратураи вилояти Суғд, прокуратураи ноҳияи Ашт, раиси ноҳияи Ашт ҳамоно вокуниш мешуд, ҷавоб меомад. Мақолае, ки зиёд пурсару садо шуда буд, “Худкушӣ дар Ашт” буд, ки каме фаъолияти прокуратураи ноҳия зери танқид гирифта шуд. Як мақолаи дигараш буд дар бораи ноободиҳои Ашт, вазъи роҳҳову фурӯши замин. Ҳар як мақолае, ки нашр мекард матолиби танқидӣ дар мавриди қонуншиканиҳое, ки дар ноҳияи Ашт буданд”,-илова кард Ҷумъаи Мирзо.

Дар ҳамин ҳол, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ҳам таҳқиқи боздошти Муҳаммадюсуф Исмоиловро оғоз кардааст.

Вокуниши созмонҳои хабарнигорӣ

Нуриддин Қаршибоев, раиси ин созмони хабарнигорӣ мегӯяд онҳо мехоҳанд муайян кунанд, ки боздошти Муҳаммадюсуф Исмоилов ба фаъолиятҳои касбияш муртабит аст ва ё зиндагии шахсияш.

Дар сурате, ки мегӯяд оқои Қаршибоев, агар ин боздошт ба фаъолияти касбии ӯ рабт мегирад, пас, онҳо барои озодии ӯ кӯмак ва ӯро дар додгоҳ ҳимоят хоҳанд кард.

Созмони хабарнигорони бидуни марз ҳам гуфтааст, дар сурати ба фаъолиятҳои касбияш рабт доштани боздошти Муҳаммадюсуф Исмоилов, онҳо низ кӯмаки ҳуқуқии худро хоҳанд расонд.

Муҳаммадюсуф Исмоилов тақрибан 50 сол дошта, соҳиби се фарзанд аст ва дар чанд соли ахир бо бархе аз нашрияҳои Тоҷикистон ҳамкориро ба роҳ монда буд. Охирин мақолаи ӯ дар се ҳафтаи пеш дар ҳафтаномаи “Истиқолол” рӯйи чоп омад.
XS
SM
MD
LG