Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

SAPO: Инфиҷорҳо дар Стокҳолм ҳамлаи террористиянд


SAPO, Хадамоти махфии Шветсия, инфиҷори мошин дар шаҳри Стокҳолм, пойтахти кишварро ҳамлаи террористӣ мехонад. Дар ин бора дар як нишасти хабарӣ Андерс Торнберг, раиси хадамоти амниятии SAPO, иттилоъ дод.
Шоми рӯзи шанбе бар асари инфиҷори мошин дар яке аз хиёбонҳои серодами Стокҳолм ду нафар маҷрӯҳ шуданд. Баъд аз чанд лаҳза дар наздикиҳои ҷойи ҳодиса таркиши дуввум рӯх дод, ки мунҷар ба ҳалокати як марди ношинос гардид. Бархе расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки таркиши дуввумро маргталаб анҷом додааст.
Ба навиштаи хабаргузории маҳаллии ТТ, рӯзи шанбе кормандонаш номае дастрас кардаанд, ки дар он фарди ношинос барои ҳузури низомиёни Шветсия дар Афғонистон ва карикатурҳои Ларс Вилкс ба Паёмбари ислом таҳдиди интиқом кардааст.
XS
SM
MD
LG