Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳилларӣ Клинтон хостори ҳалли мушкилоти Ховари Миёна шуд


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, аз исроилиҳо ва фаластиниҳо даъват кард, ки мушкилоти марбут ба хатти марз, сарнавишти фирориён ва мақоми Байтулмуқаддасро ҳамроҳ ҳал кунанд. Ба гуфтаи хонум Клинтон, ҳарчанд талоши ба роҳ мондани музокироти мустақим миёни раҳбарони Исроил ва Фаластин ноком анҷом ёфт, бояд раванди сулҳ идома ёбад ва расидан ба сулҳи пойдор дар Ховари Миёна, қабл аз ҳама, аз худи ширкатдорони ин раванд вобаста аст.
Ин ҳафта Вошинтон ноком шудани талошҳояш барои мӯътақоид кардани Исроил ба қатъи шаҳраксозӣ дар қаламравҳои ишғолии Каронаи Бохтарии рӯди Урдунро иқрор намуд. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико Филип Кроулӣ гуфт, ки кишвараш роҳҳои бозгашт ба гуфтушунидҳои ғайримустақимро меҷӯяд. Гуфтушуниди мустақими сарони Исроилу Фаластин моҳи сентябр бо сарпарастии Амрико аз сар гирифта шуда буд.
Ёсир Обид Раббо, як мақоми аршади Идораи худгардони Фаластин аз идомаи талошҳо даст бардошани Кохи Сафедро чун як зарба ба Иёлоти Муттаҳида арзёбӣ намуд.
XS
SM
MD
LG