Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими супурдани ҷоизаи Сулҳи Нобел дар Осло


Имрӯз дар Осло дар маросиме ҷоизаи Сулҳи Нобел ба норозии сиёсии Чин ба таври рамзӣ супурда мешавад, зеро худи ин норозии сиёсӣ Лию Сиабао дар ин маросим наметавонад ширкат ҷӯяд. Вай дар Чин дар зиндоне ба сар мебарад. Кумитаи ҷоизаи Сулҳи Нобел иттиҳомоти воридаи Чин ба Лиюро рад кард. 18 кишвар, аз ҷумла Русияву Қазоқистон, Эрону Ироқ ва Афғонистону Сербистон, аз ширкат дар маросими эътои ҷоизаи Сулҳи Нобел ба Лию даст кашидаанд.
XS
SM
MD
LG