Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози донишҷён ва ҳамлаи онҳо ба мошини шаҳзода


Дар Лондон донишҷӯёни эътирозгар ба мошине, ки шаҳзода Чарлз ва хонумаш Камилла нишаста буданд, ҳамла бурданд. Ин кор дар ҳоле анҷом гирифт, ки намояндагони порламон тарҳи қонунеро дар бораи боло бурдани ҳақи тасҳсил дар Англия ба тасвиб расонданд. Шишаи мошини онҳо шикаст, вале зану шавҳар осеб надиданд. Донишҷӯёни ба ғазабомада замоне ба мошин ҳамла бурданд, ки ба сӯи бинои порламон раҳпаймоӣ мекарданд ва пулис талош дошт пеши роҳи онҳоро бигирад. Донишҷӯён дар назди бинои порламон монеаҳоро пора карданд ва ба биноҳои вазорати молияву Додгоҳи олӣ ҳамла бурданд. Мақомот мегӯянд, дастикам 8 пулис осеб дидааст ва 9 нафар боздошт шудаанд. Дар Англия ҳақи таҳсил соле 4 700 доллар буд. Акнун ин маблағ тақрибан 14 ҳазор долларро ташкил хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG