Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории 5 имоми масоҷид дар ҷануби Қирғизистон


Имом-хатибони панҷ масҷиди шаҳри Уши Қирғизистон имрӯз аз вазифаҳои хеш барканор шуданд. Як кумиссюни таъсисдодаи ҳукумати маҳаллӣ 53 масҷиди ин шаҳрро тафтиш кард ва 5 имомро барои беназорат боқӣ гузоштани масҷид дар ҷараёни даргириҳои қавмии моҳи июн ва "таблиғи исломи ғайрианъанавӣ" барканор кард. Тафтиши масҷид ва имомҳо замоне сар шуд, ки яке аз имом-хатибон дар ангехтани намозгузорон ба хушунат айбдор гардид.
XS
SM
MD
LG