Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаммои худкушии сардори дафтари шиносномадиҳӣ


Додситонии ноҳияи Фархор дар робита ба худкушии собиқ сардори дафтари шиносномадиҳии ин ноҳияи Фархор парванда боз кардааст. Ҷамолиддин Сафаров шаби 24-уми ноябр дар манзили зисташ худро овехтааст, вале сабаби даст ба худкӯши задани ӯ номаълум аст.

Худкушии собиқ сардори дафтари шиносномадиҳӣ дар ҳолест, ки қаблан раҳбарони ниҳодҳои шиносномадиҳии ноҳияи Фархор ва Ҳамадонӣ аз вазифа барканор шуда буданд. Ба қавли манобеи маҳаллӣ, сабаби аз вазифа барканор шудани онҳо фурӯши шиносномаи қалбакӣ ба чанд шаҳрванди Афғонистон будааст.

Бархе бар ин назаранд, ки эҳтимол худкушии Сафаров ба шиносномадиҳии ғайриқонунӣ рабт дошта бошад, аммо додситонии Фархор ин нуктаро рад намуда мегӯяд, марҳум дар нафақа ба сар мебурд ва қаблан нисбати ӯ ҳеҷ парвандае боз нашуда буд.

Самад Сафаров, корманди мизи шиносномадиҳии ноҳияи Фархор аз собиқ роҳбарӣ худ ба некӣ ёд намуда, марги ӯро барои худ муаммо донист.

Фурӯши шиносномаҳо ба афғонҳо

Ин дар ҳолест, ки дар солҳои гузашта низ аз талоши гирифтани шиносномаи тоҷикӣ бо роҳҳои ғайриқонунӣ дар навоҳии наздимарзии Фархор, Ҳамадонӣ ва Шӯрообод ҷилавгирӣ шудааст.

Талбӣ Довуд, як коршиноси маҳаллӣ, мегӯяд, шаҳрвандони Афғонистон танҳо барои он талоши гирифтани шиносномаи тоҷикӣ мекунанд, то аз имтиёзи онҳо дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо истифода кунанд.

Навоҳии Шӯрообод, Ҳамадонӣ ва Фархор дар ҷануби кивар бо давлати исломии Афғонистон ҳаммарзанд. Тибқи иттилои расмӣ, соле то 20 нафар шаҳрванди ин кишвар дар ҳудуди ин навоҳӣ бо ҷурми убури ғайриқонунии марз ва интиқоли маводи мухаддир ҳабс мешаванд.
XS
SM
MD
LG