Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав Гурҷистонро ба "иғвоангезӣ" муттаҳам кард


Вазорати умури хориҷии Русия мегӯяд, Гурҷистон бо муттаҳам кардани афсари рус дар ҷосусӣ ва ташкили силсилаи таркишҳо мехоҳад Маскавро таҳрик диҳад. Аввали ин ҳафта мақомоти амниятии Гурҷистон шаш шаҳрванди ин кишварро бо гумони даст доштан дар таркишҳои ахир боздошт карданд ва гуфта мешавад, боздоштшудагон эътироф намудаанд, ки онҳоро як афсари кашфи ҳарбии Русия ба ин кор ҷалб кардааст. Дар изҳороти Вазорати умури хориҷии Русия омадааст, ки ин иттиҳом аз "ихтироъҳои ахири режими Саакашвилӣ буда, лаҳни хеле иғвоангез доранд. Гурҷистон шикоят мекунад, ки аз замони ҷанги кӯтоҳ бо Русия дар тобистони соли 2008 мавриди дахолатҳои Русия дар умур хеш қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG