Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости AFC ба тағйири замони бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол


Конфедерасиюни футболи Осиё аз Федерасиюни байнулмилалии футбол, ФИФА дархост кард, замони бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии соли 2022 дар Қатарро бино ба ҳарорати баланди ҳаво аз тобистон ба моҳҳои январ ва феврал интиқол диҳад. Раиси конфедерасиюн, Питер Велапан имрӯз гуфт, ба таври сунъӣ хунук кардани варзишгоҳҳо роҳи ҳалли мушкил нахоҳад буд ва ин эҳтъимол мавҷуд аст, ки бархе аз дастаҳои аврупоӣ мумкин аст, сабқати Қатарро бино бар гармии 40-дараҷаӣ бойкот кунанд. Дар ҳамин ҳол раиси Федерасиюни байнулмилалии футбол, ФИФА, Сепп Блаттер иттиҳомоти фасод дар ҷараёни макони бозиҳои Ҷоми ҷаҳонӣ интихоб шудани Русия ва Қатарро рад ва намояндагони Англияро дар бетаҳаммулӣ айбдор кард.т
XS
SM
MD
LG