Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирӣ ва мусодираи маводи мухаддир дар марз бо Афғонистон


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз даргирӣ миёни нерӯҳои интизомӣ ва қочоқбарони афғон дар мантақаи марзии Шӯрообод воқеъ дар 250 км ҷанубу шарқи пойтахи Тоҷикистон хабар дод ва гуфтааст, дар пайи ин ҳодиса беш аз 174 кг. маводи мухаддир кашф шудааст.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Оозодӣ гуфт, ин ҳодиса дар мавзеи Таваргони ҷамоати Шӯрободи ноҳияи Шӯрообод, рух додааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Асадуллоев, гурӯҳи панҷнафараи қочоқбарон, ки аз вулусволии Роғи вилояти Бадахшони Афғонистон будаанд, ба муқовимати мусаллаҳона тоб наоварда маводи мухаддирро гузошта ва худ ба марзи Афғонистон паноҳ бурдаанд. Ба гуфтаи сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар ин ҳодиса аз ҷониби кормандони милиса талафоте пеш наомадааст. Зимнан, парвандаи ҷиноӣ нисбати ин ҳодиса боз шуда ва таҳқиқи он ҷараён дорад.



Даргирӣ дар мантақаи марзии Шӯрообод миёни неруҳои интизомӣ ва гурӯҳи қочоқбар пас аз ҳамлаи як гурӯҳи қочоқбар дар як моҳи пеш ба мусофирони чанд мошин дар ҳудуди ин ноҳия сурат мегирад.

Гурӯҳи қочоқбар, мусофирони автомошинаҳоро дар тӯли шоҳроҳи Кӯлоб-Дарвоз лату кӯб карда ва ду нафарро, гаравгон гирифта буданд. Ин ду нафар танҳо пас аз музокираи ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ бо гурӯҳи қочоқбар озод шуданд.

Шӯрообод яке аз ноҳияҳои марзии ҷануби Тоҷикистон бо Афғонистон аст, ки мавориди зиёди интиқол ва кочоқи маводи мухаддир аз тариқи ин минтақа ба мушоҳида расидааст. Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 км марзи муштарак дорад.
XS
SM
MD
LG