Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Партоби капсули ширкати хусусии Амрико ба кайҳон


Як ширкати хусусии Амрико бо номи SpaceX бо муваффақият капсули фазоиро ба мадор фиристод ва барои бозгашт ба замин онро раҳнамоӣ кард. Ин нахустин партоби капсули фазоӣ ба мадори замин аз ҷониби як ширкати хусусист. Капсул аз ҷазираи хурди Канавероли аёлати Флорида ба фазо партоб ва баъд аз даҳ дақиқаи партоб ба фазои кайҳон ворид шуд ва ду бор атрофи заминро давр зад. Баъд аз бозгашт капсул дар уқёнуси Ором ғарқ шуд. Ин капсули фазоӣ сарнишин надошт, вале барои 7 нафар ҳуҷраеро дар он дуруст карда буданд, то замоне ин навъ капсулҳоро бо одам ба фазо парвоз кунанд ва маводи заруриро ба Истгоҳи Байналмиллалии Кайҳонӣ расонанд.
XS
SM
MD
LG