Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲИУ дар пушти дарвозаҳои Осиёи Марказӣ


Усмон Одил, раҳбари нави Ҳаракати Исломии Узбакистон
Усмон Одил, раҳбари нави Ҳаракати Исломии Узбакистон

Дар ҳоле, ки мақомоти Кобул ва шарикони байналмилалии онҳо дар пайи таъқиби Толибони шӯришӣ дар манотиқи паштунишини ҷануби Афғонистон гирифтор шудаанд, ташаннуҷ ва афзоиши хушунат дар вилоятҳои шимоли ин кишвар чолишҳои ҷиддиеро ба бор овардааст.

Мадракҳои дастрасшуда ҳокӣ аз онанд, ки Ҳаракати исломии Узбакистон бо ташкили ноамниву бенизомӣ дар шимоли Афғонистон барномаи бозгашт ба Осиёи Марказиро пайгирӣ мекунад.

Ҳаракати ҲИУ ба самти шимол

Ҳафтаи гузашта дар ҷараёни як амалиёти низомӣ алайҳи раҳбарони Ҳаракати исломии Узбакистон дар вилояти Қундуз, чанд тан аз ҷангиёни ин гурӯҳ кушта ва чанди дигар боздошт шуд. Ин як шаҳодати дигар буд, ки гурӯҳҳои ҷиҳодии Осиёи Марказӣ манотиқи шимолро, ки бо Тоҷикистону Узбакистон марзи муштарак доранд ва то ҳол аз мавзеъҳои нисбатан ороми Афғонистон буданд, пойгоҳ интихоб кардаанд.

Тайи ду соли гузашта таҳлилгарон зимни баҳси сабабҳои бурузи хушунатҳо дар манотиқи шимол, борҳо ангушти ишораро ба суи Ҳаракати исломии Узбакистон баланд карданд. Бино ба гуфтаи онҳо, ин ҳаракат мехоҳад роҳи шимолии интиқоли икмолоти НАТО ба Афғонистонро халалдор ва аз ин минтақа ҳамчун пойгоҳи ҳуҷум ба Осиёи Марказӣ истифода кунад.

Шоҳида Муҳаммад Абдалӣ, ноиби мушовири амнияти миллии президент Ҳомид Карзай, аз ин дурнамо, ки Ҳаракати исломии Узбакистон қаламрави Афғонистонро ҳамчун пойгоҳи ҳуҷум ба ҳамсояҳои шимолӣ “таги чашм” кардааст, изҳори нигаронӣ кард.

Ӯ гуфт: “Мушкили ҲИУ воқеан вуҷуд дорад. Онҳо барои эҷоди нооромӣ дар шимол василаи таъсирбахшанд. Ҳоло мо дар бораи онҳо иттилои бештар ҷамъоварӣ мекунем ва баъдан мушаххас хоҳем кард, ки ин гурӯҳ дасти танҳо амал мекунад ё унсурҳои дигар, ба мисли Ал-Қоида ба ин кор ҷалб шудаанд.”

Ҳаракати Исломии Узбакистон ва Толибон


Ба гуфтаи мақомоти аршади Толибон, ки ҳоло бо Кобул муносибати хуб доранд, равобити Толибон бо Ҳаракати Исломии Узбакистон ба авохири солҳои 1990 рост меояд, ба замоне, ки режими Толибон дар посух ба пуштибонии Тошканд аз ҷангсолори узбак Абдулрашид Дустум, шӯришгарони Осиёи Марказиро дар қаламрави Афғонистон паноҳ дод.

Ин ду гурӯҳ ҳоло бо ҳам пайванди қавӣ доранд. Равобити Толибон бо Ҳаракати исломии Узбакистон, ки суфуфи он бо суннимазҳабҳои Осиёи Марказӣ банду баст шудааст, обрумандии онро дар байни мардуми ғайрипуштун, узбакҳо, тоҷикҳо ва туркманҳо афзун мекунад.

Гуфта мешавад, ҳоло Ҳаракати Исломии Узбакистон махфигоҳҳои кучакеро дар мавзеъҳои дурдасти марзи шимолӣ, бо имконе дастрас кардааст, ки битавонад ҷангиёни тоза ба ҷумбиш гаравидаро тамрин диҳад ва аз ин мавзеъҳо ба кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон ҳуҷум кунад.

Нуфузи ҲИУ дар вилоёти узбакнишин

Абдуллоҳ Валвалӣ, афсари собиқи узбактабор ва муддаии курсии парлумон дар интихоботи моҳи сентябр, мегӯяд, ҷангиёни Ҳаракати Исломии Узбакистон дар се ноҳияи вилояти Қундуз фаъол шудаанд.

Оғои Валвалӣ бо ишора ба робитаи Ҳаракати Исломии Узбакистон бо Ал-Қоида эҳтимоли вуруди ҷангиёнро ба навоҳии дигари шимоли кишвар аз эҳтимол дур намедонад.

Намояндаи парлумони қаблии Афғонистон аз Тахор Роз Муҳаммад Файз дурнамои ин ҳаракатро дар рангҳои тиратар тасвир мекунад. Ӯ мегӯяд вуҷуди шуришгарони маҳаллӣ ва нуфузи Ҳаракати Исломии Узбакистон ба онҳо вазъи амниятӣ дар минтақаро боз ҳам печидатар кардааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи оғои Муҳаммад Файз шуришгарони маҳаллӣ бо тундгарони мазҳабӣ забон ёфтаанд ва андешаи ҷиҳодро дар сар доранд.

Ӯ мегӯяд: “Онҳо, яъне Ҳаракати Исломии Узбакистон бо узбакҳои Афғонистон бисёр робитаи хуб доранд. Дар хонаҳои онҳо ба сар мебаранд ва аз минтақаҳои онҳо, мисли ноҳияи Дашти Қалъа, Хоҷа Боғ ва Баҳорак истифода мекунанд. Онҳоро дар навоҳии номбурда дида мешаванд. Мардуми маҳаллӣ мегӯянд, фармондеҳони маҳаллӣ ба онҳо кумак мекунанд.”

Ҷои пои ҲИУ дар шимоли Афғонистон


Ба гуфтаи собиқ намояндаи мардумӣ дар парлумони Афғонистон аз Қундуз Моен Мрастиял, пайванди байни ҷумбишҳои ҷиҳодӣ маъмулан кам аҳамият ҷилва дода мешавад. Ба гуфтаи ӯ, якҷо бо Толибони покистонӣ ва Толибони афғон, Ҳаракати Исломии Узбакистон, ки як бахши муҳими ҷумбишҳои ҷиҳодист, дар Афғонистон озодона фаъолият мекунад.

“Мо дар Қундуз тоҷику узбаку туркманро дорем, ки аз Осиёи Марказӣ омадаанд. Инҳоро маҳаллиҳо дар мавзеъҳои дурдаст гирдиҳам овардаанд. Маълум нест, ки аз онҳо кӣ сарпарастӣ мекунад. Аммо маълум аст, ки мардуми маҳаллӣ ба онҳо нону ҷойи хоб медиҳанд.”- мегӯяд Моен Мрастиял

Фавзия Куфӣ, намояндаи дигари парлумон низ ин дидгоҳ, ки шимоли Афғонистон ба макони тундравону шӯришгарон, ваҳҳобиҳову салафиҳо ва ҷумбишҳои тундрави исломӣ табдил шудаастро тасдиқ кард.

У мегӯяд, бидуни шубҳа Толибон ва Ал-Қоида мехоҳанд дар шимол нуфуз пайдо кунанд. Зеро ба гуфтаи ӯ “Шимоли Афғонистон осонтарин роҳ ба Осиёи Марказӣ ва аз он ҷо ба Русия аст”.
XS
SM
MD
LG