Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо хонавода дар вилояти Ӯш бехонаву дар мондаанд


Бино ба гузоришҳо, дар яке аз деҳоти ҷануби Қирғизистон даҳҳо хонавода дар зимистони соли ҷорӣ аз хонаи зист маҳруманд. Хонаҳои онҳо дар ҷараёни ҷангҳои қавмӣ хароб шудааст. 62 хонавода дар деҳаи Шарқ дар наздикии шаҳри Ӯш хонаву дар надоранд. Бештар аз 400 нафар дар даргириҳои қавмии миёни қирғизҳову узбакҳо дар ҷануби Қирғизистон кушта шуданд. Садҳо нафари дигар захмӣ шуданд. 1 870 хонаи хусусӣ ва биноҳои маъмурӣ дар ҷараёни ин нооромиҳо хароб шудаанд.
XS
SM
MD
LG