Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси "Барқи Тоҷик" ба зердастонаш ҳушдор дод


Бино ба хабари "Азия-Плюс" Абдулло Ёров-раиси ширкати "Барқи Тоҷик" ба зердастони худ дар минтақаҳо ҳушдор додааст, ки дар сурати риоят нашудани маҳдудияти барқ дар минтақаҳо аз мақомашон барканор хоҳанд шуд. Вай дар ҷараёни як конфронси мустақими телефонӣ ба онҳо гуфтааст, вақтҳои ахир аз сокинони шаҳру ноҳияҳо зангҳои зиёди телефонӣ расидааст ва онҳо шикоят кардаанд, ки маҳдудияти барқ дар маҳали онҳо риоят намешавад, яъне бештар аз вақти пешбинишуда барқ хомӯш мешавад.
XS
SM
MD
LG