Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ва ИА узвияти Русия дар СҶТ-ро баррасӣ мекунанд


Имрӯз дар мулоқоти Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия ва раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо дар Бруссел масъалаи узвияти Русия дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат баррасӣ мешавад. Мақомоти расмӣ мегӯянд, чунин ба назар мерасад, ки ҳар ду ҷониб ихтилофи назарҳоро роҷеъ ба ин масъала рафъ кардаанд ва акнун Иттиҳодияи Аврупо аз узвияти Русия ба таври расмӣ ҷонибдорӣ мекунад. Мақомоти Русия мегӯянд, онҳо ба нақша гирифтаанд, ки Русия дар соли 2011 ба узвияти Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат дарояд.
XS
SM
MD
LG