Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Амрико аз ифшои феҳристи махфӣ аз сӯи Wikileaks


Мақомоти расмии Амрико аз сомонаи интернетии Wikileaks интиқод карданд, ки феҳристи махфии ҷойҳоеро дар саросари ҷаҳон ифшо кардааст, ки ба ақидаи Амрико, барои амнияташ хеле муҳим аст. Филлип Кровлӣ-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико гуфтааст, нашри чунин феҳрист ба маънои додани ҳадафҳо ба гурӯҳҳои террористии Ал Қоида аст. Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико мегӯяд, ин феҳристро аз ҳукумати Амрико дуздидаанд. Ба гуфтаи вай, чопи ин феҳрист "амиқан таассуфовар" аст ва ба Амрикову дӯстонаш зарари ҷиддӣ хоҳад расонд.
XS
SM
MD
LG